Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

15-16-уми майи соли 2017, дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамкории байни Сармарказҳои иттилоотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович оғоз намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам таҳким меёбанд.
Ин ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, зикр кард, ки бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.
Дар рафти ҷаласа сардори Сармаркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Боймаҳмадзода Музафар ва сардори Сармаркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-майори хизмати дохилӣ Важев Павел Анатольевич баромад карда, оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти мубодилаи иттилот таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Мушовараи якҷоя Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика