Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Қонуни танзими анъана - тақозои рушди ҷомеа

Имрӯз (12.05.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорат дар мавзӯи «10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» дарси хизматӣ баргузор гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон машғулияти хизматиро оғоз бахшида, зимни сухаронӣ аз муҳимияти қабули қонуни мазкур дар давоми 10-соли амалигардонии он ибрози назар намуд ва суханро ба мутахассисони соҳа дод. 

Мутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷаамиров баромад намуда, аз татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тӯли 10 соли қабул гардидани он, мақсад ва вазифаҳо, рафти риояи талаботҳои қонуни мазкур ва натиҷаҳои назарраси он муфассал маълумот дод.
Мавсуф зимни суханронӣ талаботҳои моддаҳои қонуни мазкурро тафсир намуда, қайд кард, ки тибқи талаботи моддаи 1-и қонун ҳадаф аз қабули он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат буда, ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.
Зикр гардид, ки ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин маросимҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии мардум, пешгирии тақлидкорию хурофотпарастӣ маҳаки амалигардонии қонуни мазкур ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин, Муслиҳиддин Хоҷаамиров оиди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва чораҳои андешидашудаи мутахассисони Кумитаи мазкур маълумот дода, зикр кард, ки амалисозии қонун дар ин муддат имконият дод, то бисёр мушкилиҳо дар миёни аҳолӣ ҳал гардида, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардад ва сатҳи хароҷоти зиёдатӣ, ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо паст шаванд.

Дар идома, инчунин мутахассиси дигари Кумитаи зикргардида Муҳриддин Тухтаев дар баромади хеш оид ба анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, ҷиҳатҳои ҳуқуқии амалисозии қонун, таҷлили баъзе аз расму оинҳои идоравию оилавӣ ва дигар самтҳои вобаста ба он равшанӣ андохт.
Қайд гардид, ки ҳамкории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, минбаъд низ он тақвият хоҳанд ёфт.
Дар рафти дарси хизматӣ миёни маърӯзачиён ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар атрофи риоя ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табодули афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён дар ин ҷода барои пешрафти кор як қатор таклифу пешниҳодҳои муфид баён гардиданд. Аз ҷумла, дида баромадани тӯйи домодию арӯсӣ (аз ҷониби духтардор), гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ дар миёни мардум, ҳамкорӣ дар тартиб додани протоколҳои маъмурӣ ва ғайра ибрози назар карда шуд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика