Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии селекторӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ

Имрӯз (11.05.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии селекторӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои мустақили мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид. Рафти ҷаласаи мазкурро тариқи видео ва аудио ҳамчунин ҳайати шахсии як қатор ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мустақиман тамошо карданд.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз бахшида, дар мавзӯҳои муқовимат ба кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ, сари вақт ба қайд гирифтан ва ошкор намудани ҷиноятҳо, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният аз ҷониби ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар самтҳои дахлдор қайд карда гузашт.

Дар рафти ҷаласаи селекторӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идомаи корҳои ободонию созандагӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Х.Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика