Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳо ҳангоми сухтор дар биноҳои ҷамъиятӣ

27 апрели соли 2017, бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сухтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Чорабиниҳои профилактикӣ дар биноҳои ҷамъиятӣ” бо иштироки муовини сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мутахассисони ботаҷрибаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.

Сардори факултети №5 номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. баромад карда, дар бораи мубориза бар зидди сухтор, таърихи бавуҷудоии оташ ва хадамоти оташнишонӣ муфассал маълумот дод.
Дар чорабинии мазкур сардори шӯъбаи илмӣ – тадқиқотии СХДО ВКД, подполковники хизмати дохилӣ Аназода Н. дар мавзӯи “Сабабҳои ба амал омадани сухтор ва муайян намудани он”, нозири калони шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сухтори СХДО ВКД капитани хизмати дохилӣ Ҳалимҷони Акмал дар мавзӯи “Самти фаъолияти амалияи маъмурӣ дар ХДО”, муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтори факултети №5 Академияи ВКД лейтенанти калони милитсия Яқубов Ф.А., дар мавзӯи “Гузаронидани корҳои таҳлиявӣ дар биноҳои ҷамъиятӣ” ва курсанти курси 4, ихтисоси бехатарӣ аз сухтор, милитсияи қаторӣ Нуров М., дар мавзӯи “Аҳамияти фанни Назорати давлатии бехатарӣ аз сухтор” баромад намуданд.

Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ, якчанд мисолу масъалаҳо оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани сухтор дар биноҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти амалияи маъмурӣ, гузаронидани корҳои таҳлиявӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигории маъмурӣ аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима ва баҳс қарор гирифт, ки онро курсантон метавонанд дар фаъолияти амалии худ дар оянда истифода намоянд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки аз тарафи омӯзгорон ва курсантон дар самти бавуҷуд омадани сухтор ва чораҳои пешгирии он, қасдан оташ задан ва ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷалб намудани ҳуқуқвайронкунадагон аз тарафи нозирони хадамоти оташнишонӣ баҳси илмӣ ба вуҷуд омад.
Ҳомидов А.С., сардори кафедраи бехатарӣ аз сухтори Академияи ВКД, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика