Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқи тактикӣ-оташнишонӣ дар мактаби Президентӣ

Тибқи нақшаи кории Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсати Хадамоти давлати оташнишонии ВКД дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» машқи тактикӣ - оташнишонӣ бо истифода аз се адад нақлиётҳои оташнишонӣ ташкил ва гузаронида шуд. 

Аз рӯи нақша, ки гӯё толори маҷлисгоҳ, воқеъ дар ошёнаи якуми бинои муассисаи мазкур дар масоҳати зиёда аз сад метри мураббаъ оташ гирифтааст, дастаи идоравии оташнишонӣ ва дастаи оташнишонони навраси муассисаи номбурда фавран оиди сӯхтори шартӣ ба ХДО ноҳияи Ҳисор хабар дода, сарҷамъона ва бо ҳисси масъулиятшиносӣ аз рӯи уҳдадориҳои вазифавии хеш амал намуданд. 

Онҳо ҳамзамон ба таҳлияи муташаккилонаи одамон ва молу ашёҳои дохили бинои таълимгоҳ, бо истифода аз воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомушкунӣ дар ҳамбастагӣ бо оташнишонон ба хомӯш намудани сӯхтор шурӯъ намуданд.  Дар рафти хомӯш намудани сӯхтор оташнишонон бо як истеъдоди баланди касбӣ дар якҷаягӣ бо дастаҳои зикргардида таҷрибаи касбӣ нишон дода, хонандагонро аз толорҳои оташгирифта ва пур аз дуд муташаккилона ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Ҳамзамон аз тарафи кормандони тиб ба нафарони эҳтиёҷманд ёрии таъҷилӣ расонида шуда, сӯхторро дар масоҳати аввалааш бо истифода аз гидранту мотопомпа ба пурагӣ хомуш намуданд.   

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи кормандони ХДО ва роҳбарияти «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» ба иштирокчиёни машғулият тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. 

Тавре муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат Раҳимзода Носирхуҷа иброз намуд, ҳадафи ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак, пеш аз ҳама ин баланд бардоштани ҳамоҳангии ҷузъу томҳо, инчунин сайқал додани маҳорати касби оташнишонӣ ва омодагии оташнишонону дастаҳои идоравии  оташнишонӣ бар зиддӣ ҳамагуна ҳодисаҳои сӯхтор мебошад.

Толиб  Ҳаётов, Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ. 

You have no rights to post comments

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика