Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!!!

 

Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2017, вобаста ба баргузории силсила чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аз соати 08:00 то 12:00-дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва аз хиёбони Рудакӣ то хиёбони Исмоили Сомонӣ маҳдуд карда мешаванд.
Бинобар ҳамин, аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи танзимгарони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика