Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии ШМД «Себистон»

Имрӯз (13.04.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуда, аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Шӯъбачаи милитсияи деҳоти Себистони ноҳияи мазкур шиносоӣ пайдо намуд.

Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои таъмиру бунёдкорӣ, сифатнок ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ сохта ба истифода додани бинои мазкур то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки бинои Шӯъбачаи милитсияи деҳоти Себистон аз таҳкурсӣ сохта шуда, аз дуошёна иборат мебошад.

Айни замон дар бинои мазкур корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, сохтмончиён бо масолеҳи зарурӣ таъмин буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро дар мӯҳлати муқарраргардида сохта ба истифода диҳанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика