Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон - қувваи бузург ва нерӯи созанда!

11 апрели соли 2017, дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода бо гурӯҳи устодону муҳассилини донишгоҳи мазкур бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 баргузор гардид.
Чорабиниро сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳо кафолати амнияти дохилӣ дар кишвар буда, иҷрои ин вазифаи муқаддас ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дошта, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом мартабаи ҷавононро дар ҷомеа боз ҳам боло мебардорад.
Мутаассифона аз сабаби сатҳи пасти савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифатнокӣ баъзе ҷавонон даст ба ҷиноят мезананд.
Ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳар гуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватани худ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба амалу кирдорҳои номатлуб даст назананд.
«Боварӣ дорам, ки устодони муҳтарам ба таълиму тарбияи шогирдон бештар диққат дода, мутаххасисони хубро барои фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода менамоянд» - қайд намуд дар идомаи вохӯрӣ Искандар Солеҳзода.
Дар робита ба андешаҳои манзурнамудаи сардори РВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода чанд нафар аз устодону донишҷуён сухан намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву донишандӯзӣ ва корҳои бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намуданд.

Ҷавонону донишҷӯён дар навбати худ иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо мебошад.
Иштирокчиён аз натиҷаи вохӯрӣ таассуроти хотирмон бардошта, изҳор намуданд, ки чунин чорабиниҳо ба пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Офоқи Қодириён 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика