Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қӯшунҳои дохилӣ – зодаи даврони Истиқлол

Имрӯз (10.04.с.2017), бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи замони соҳибистиқлолӣ мебошад, дар қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти раёсат ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва дигар ҷузъу томҳо, меҳмонон, собиқадорон ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ чорабинии идонаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, нахуст тамоми хизматчиён, сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми нафаронеро, ки саҳми худро дар пешрафт ва мустаҳкамии ин ниҳод гузоштаанд, ба ҷашни касбиашон табрик намуд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизматбарии афсарону сарбозони кишвар, алалхусус хизматчиёни Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ сол то сол хубтару беҳтар гардида, дар ин самт ҳамасола иншоотҳои зиёди ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода мешаванд. Хизматчиёни Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар лаҳзаҳои мушкилу тақдирсози давлатдории ҷумҳуриамон, баҳри пойдории сулҳу амният, барқарор намудани сохти конститусионӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми босазои худро гузошта, ҳамеша дар сафи пеши набардҳо қарор доштанду доранд. Зиёда аз 2000 афсарону сарбозони шӯҷоъу далери ин ниҳод дар ин мубориза ҷони азизи худро аз даст додаанд.

Бо дастури Сарвари давлат эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон сарбозону афсарони ҷавони қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилиро зарур аст, ки дар баробари хизмат, ҳамчунин баҳри омӯзиши касбу ҳунар ва донишу маърифат саъю кӯшиш намуда, дар оянда низ ҳамчун мутахассис боз ҳам дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

«Дар ин раванд ба собиқадорони Қӯшунҳои дохилӣ, ки дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок доранд, барои хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаашон дар пешрафту ободии ин ниҳод арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ менамоем, ки онҳо минбаъд низ афсарони ҷавон ва сарбозонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлату миллат тарбия менамоянд» - илова намуд, дар идома Вазири корҳои дохилӣ.

Ҳамчунин, ба волидайне, ки фарзандонашон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, имрӯз дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар сарбаландона хизмат менамоянд, изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ барои хизматҳои содиқона ба Ватан, муносибати софдилона нисбати иҷрои вазифаҳои базиммадошта ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар умум 77 нафар хизматчиёни ин ниҳод бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба рӯзи ҷашнашон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ сарбозону афсарони қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ аз назди минбар таҳти садои оркестр бо қадами низомӣ гузаштанд.

Пас аз қисмати тантанавии чорабинӣ, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз намоиши силоҳу аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, хадамоти тиббӣ, толори варзишӣ, ошхона ва иншоотҳои қисми низомии 5453 дидан намуда, аз шароити хӯрокхӯрӣ, риояи тозагӣ, таъминоти озуқаворӣ, ҷойи хоб, истироҳат, шуғл ба варзиш ва дигар шароитҳои хизматии сарбозону афсарони ин ниҳод аз наздик шинос гардид. Дар ин радиф Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматбарии ҳомиёни ҷасури Ватан дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир ба сарбозону афсарон ва дигар меҳмонону собиқадорон дастурхони идона ороста шуд.
Р. Илёсов, Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика