Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди корманд-ҷавонони милитсия аз мавзеҳои тамошобоби пойтахт ва ташриф ба театр

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ корманд-ҷавонони милитсия, ки аз ВМКБ, минтақаи Рашт, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омада буданд, аз фаъолияти Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, мавзеҳои фарҳангӣ-мадании пойтахт дидан намуданд.
Нахуст, корманд-ҷавонон зери роҳбарии сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон ва сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ба Маркази худкори низоми идоракунии «Шаҳри бехатар»-и РБДА Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз фаъолияти он шинос гардиданд.
Мавриди қайд аст, ки кормандони «Шаҳри бехатар» аз замони таъсисёбӣ аллакай аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда дар самти таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо сарбаландӣ баромада истода, дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва қонуншиканиҳо саҳми худро мегузоранд. Аксарияти корманд-ҷавонон аз фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар роҳҳо, чорроҳа, кўчаю хиёбон, даромадгоҳи шаҳр ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд, бори аввал шинос гардида, бисёр таассуроти хуб гирифтанд.

Қайд гардид, ки Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» тайи се сол аз ҳисоби ҷаримаҳо аллакай ба буҷаи ҷумҳурӣ беш аз 74 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст.
Дар идома, кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ аз Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, Боғи ба номи устод Рўдакӣ, Парчами миллӣ ва дигар мавзеҳои маданӣ дидан намуданд.
Ҳамчунин, онҳо дастаҷамъона ба Театри давлатии Академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омада, намоишнома таҳти унвони «Ғамгину рангин»-ро тамошо намуданд.

Дар намоишномаи мазкур ҳунармандони театр бо як маҳорати баланд нақшҳои худро бозида, ба тамошобинон ғизои маънавӣ бахшиданд. Дар мазмуни он аз воқеияти ҳаёт ҳимояи шаъну шараф ва номуси инсонӣ, адолату ҳақиқат, вафодорию меҳру муҳаббат, мубориза бо ноадолатӣ нуҳуфта буд.

Намоишномаи мазкур ба корманд-ҷавонони милитсия хеле писанд омада, онҳо ба ҳунару маҳорати кормандони театр таҳсину офарин гуфтанд.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика