Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии озоду самимии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони ҷавони милитсия

Имрӯз (07.04.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати миёнаи роҳбарикунанда – кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ аз ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Раёсату Шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар сафи милитсия ҳамчун корманди содиқ ба Ватану миллат софдилона хизмат намудаанд, иштирок доштанд.

Вохӯриро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш, дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеш қарор гирифта, масъулияти баланди касбиро имрӯз ва дар оянда низ, идома медиҳад.
Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид.
Ҳадаф аз вохӯрӣ бо ҳайати миёнаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин ёдовар гардидан аз ранҷу заҳмати шумо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини тинҷиву осудагӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамзамон боло бурдани мавқеи кормандони милитсия ва пешгирии кирдорҳое, ки ба шаъну шарафи кормандони милитсия иснод меорад, иборат мебошад, - чунин қайд кард Вазири корҳои дохилӣ.
Дар идомаи вохӯрӣ зикр гардид, ки гарчанде масъулияти хизматӣ ба зиммаи тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст, вале ҳиссаи бештари он ба души ҷавонон буда, онҳо дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доранд.
Бешак обрӯ ва нуфузи мақомот, пешрафти фаъолият ва назари неки мардум нисбати корманди милитсия аз муносибату муошират, амалу рафтор ва ҳаракату гуфтори насли ҷавони милитсия вобастагии зич дошта, ҳиссаи зиёди ошкоркунии ҷиноятҳо ба ҳайати миёнаи мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.
Дар идома Вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки «Шумо қувваи бузург ҳастед, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар, халқ ва кулли сокинони мамлакат ба шумо боварӣ доранд. Барои бо афроди ҷинояткор мубориза бурдан, пеш аз ҳама бояд бо мардум ва аҳолӣ наздик бошед».
Дар ҷараёни мулоқоти озоду самимии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати миёнаи мақомоти корҳои дохилӣ як қатор кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ баромад намуда, оид ба шароитҳои муҳаёгардидаи хуби хизматӣ, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, сохта ба истифода додани бинову иншоотҳои маъмурию хизматии замонавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо таҳсил фаро гирифтани фарзандони ятиммонда ва оилаҳои камбизоат дар Академияи ВКД ва Коллеҷи милитсия, бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаи замин таъмин намудани ҳайати шахсӣ ва дигар шароитҳои фароҳамовардашуда изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аз он ҷумла, нозири калони Гурӯҳи кор бо ҳайати шахсии ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур майори милитсия Азизова М., муфаттиши бахши тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Амиршоев Ҷ., нозири калони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт лейтенанти милитсия Разоқова Д., корманди шӯъбачаи ташвиқотию тарғиботии РХДО дар шаҳри Душанбе капитани хизмати дохилӣ Ғафуров Ш., корманди Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ капитани милитсия Маъруфова Г., корманди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт майори милитсия Ҳукуматов З., муаллимаи калони Академияи ВКД лейтенанти калони милитсия Маҳинаи Нуралӣ, корманди ШВКД дар шаҳри Турсунзода лейтенанти калони милитсия Қадамов С., корманди РБДА ВКД лейтенанти милитсия Одинаев Ҷ., нозири Шӯъбаи протоколии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД лейтенанти калони милитсия Сафарова М., нозири Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД лейтенанти калони милитсия Ғайратова Н., нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав капитани милитсия Миров Ш., корманди Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД лейтенанти милитсия Шарипов С. баромад намуда, саҳми ҷавононро дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, бахусус муноқишаҳо байни наврасону ҷавонон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун муассир арзёбӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳангоми сӯҳбати озоду самимӣ бо кормандони ҷавон таъкид намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, ки тамоми саъю кӯшиш, ғайрату тавоноӣ, ҷасорату матонат ва иродаи қавиро баҳри созандагию бунёдкорӣ равона намуда, талош бар он варзанд, ки дар ҷомеа аз худ нақши созгор гузоранд.
Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва мавқеъу мартабаи ҷавонон дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.

Вазири корҳои дохилӣ насли ҷавони милитсияро ба андӯхтани илму дониш, азбар намудани забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир ва пеш бурдани тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуда, зикр кард, ки «танҳо бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат мо метавонем, сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин намоем”. 

Дар интиҳои чорабинӣ як қатор кормандони ҷавон, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шуданд.

Аз ин вохӯрӣ кормандони ҷавони милитсия таассуроти хотирмон бардошта, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳор намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар давоми рӯз меҳмонон – кормандони ҷавони милитсия, ки аз Раёсат ва Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Раёсату Шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД даъват шуда буданд, аз ҷойҳои тамошобоби пойтахт, Боғи Рӯдакӣ, Парчам, Нишон, Осорхона дидан намуда, ҳамзамон барои тамошои намоишномаҳо ба театрҳои шаҳри Душанбе сафар хоҳанд кард.
Аз рафти чорабиниҳои омодагардидаи фарҳангӣ-фароғатӣ иловатан иттилло дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика