Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо муҳассилини Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино

Имрӯз (05.04.с.2017), вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мактаббачагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло Файзулло, мудири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Афғонов Азиз, директорони Муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, устодон, падару модарон ва хатмкунандагони МТМУ рақамҳои 54, 43 ва 101 иштирок доштанд.
Чорабинӣ нахуст бо тамошои филми мустанад дар бораи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ омода гардидааст, оғоз гардид.
Сипас бо сухани муқаддимавӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид баромад намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Зикр гардид, ки устодон, омӯзгорон, волидон ва хонандагон бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ амал намуда, ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳанд. Зеро волидайн дар симои фарзанд ҳазор умеду ҳавасро таҷассум менамоянд. Бинобар ин, дар тарбия ва парастиши онҳо ҷиддӣ рафтор намуда, пеши роҳи ҳар кирдору амали номатлубро аз ҷониби онҳо сари вақт бартараф намоянд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, зикр кард, ки дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии муосир бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Боз сохтмони чандин муассисаҳои таълимӣ идома дошта, ҳамаи ин ғамхорию таваҷҷуҳи Роҳбари давлат барои наврасону ҷавонон равона гардидааст.
Ҳамасола наврасону ҷавонони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд, ки боиси ифтихори давлату миллат мебошанд.
Вале, дар ин радиф баъзе мактаббачагон ба амалҳои номатлуб даст мезананд, ки боиси ташвишу нигаронист. Ҳодисаи нангине, ки шаби 2-юм ба 3-юми январи соли равон рух дода, ҷони ду ҷавонро аз байн бурд, аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе мактаббачагон даст ба ҷиноят зада, ба падару модар, наздикону пайвандон ва мактабу муассисаи таълимӣ иснод меоранд.

Агар ин наврасону ҷавонон китоб мутолиа намуда, аз панду андарзи бузургон огоҳ мебуданд, ба чунин амалҳои номатлуб даст намезаданд. Ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дошта, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад.
Аз таҳлилҳо бар меояд, ки бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезананд.
Дар ин ҷода нисбати падару модароне, ки дар таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир менамоянд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои дахлдор андешида мешавад. Танҳо дар давоми соли 2016 дар асоси Қонуни мазкур 4 ҳазору 400 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар рафти суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба мактаббачагон таъкид дошт, ки ҳамаи шумо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ҳастед. Душанбе ҳамчун пойтахт маркази тамаддун ва маърифат буда, шумо бояд маданияти шаҳрдориро дар сатҳи баланд риоя намоед. Наврасону ҷавонони дигар манотиқ бояд амалу кирдорҳои некро аз шумо омӯзанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2017 – «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин иқдом мартабаи шуморо дар ҷомеа боз ҳам боло мебардорад.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни мактаббачагон як қатор пешниҳодҳои судманд ироа намуд.
Таъкид гардид, ки мактаббачагон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳар гуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд.

Сипас, дар байни иштирокдорони вохӯрӣ сӯҳбати озоду самимӣ доир гардида, аз ҷониби омӯзгорон, мактаббачагон ва ҷавонони фаъоли «Пешоҳанг» як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.
Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки мо ҳамеша хонандагонеро, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, дастгирӣ намуда, дари муассисаҳои таълимии ВКД, аз он ҷумла Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Коллеҷи милитсия барои онҳо боз аст.
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мактаббачагон, омӯзгорон ва падару модарон дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, ҳамкории кормандони милитсияро бо муассисаҳои таълимӣ боз ҳам қаввӣ мегардонад.
Гул Маҳбуба, Раҷаббек Илёсов. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика