Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия дар меҳмонии театри Лоҳутӣ

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангу маданияти ҷомеа рӯ ба тарақӣ ниҳоданд ва давлатдории тоҷиконро дар сатҳи воло миёни дигар кишварҳои хурду бузург муаррифӣ намуданд.
Имрӯз бо ташабус ва иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, кормандон аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии Академии Драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», дар намоишномаи драмаи таърихии «Чархи гардон», ки муаллифи намоишнома драматурги тоҷик Нур Табаров мебошад, иштирок намуданд.
Дар оғози намоиш ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ҳозиринро ба ин боргоҳи фарҳангӣ хушомадед намуда иброз намуданд, ки шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кафили оромиву осоиштагӣ, посдори тартибу низом ҳастед. Он либосе, ки имрӯз шумо дарбар намудаед мояи шарафу сарбаландист.

Саркоргардони намоишнома ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов буда, ҳунарпешагони театр дар саҳнаи таҳиягардида, нақшҳои қаҳрамонони драмаи таърихиро хуб бозиданд ва як лаҳзаи ҳаётиро, аз қабили фарқияти хубиву бадӣ, рафтору гуфтор, содиқ будан ба касби пешанамудаи шахсро ба тамошобин пешкаш намуданд, ки бинанда аз ин намоишнома панди воло, маъниҳои фалсафию орифона мебардорад.

Дар фарҷоми намоишнома Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба тамоми ҳунарпешагони театр барои нишон додани ҳунари волои худ ва таъсирбахш бозидани нақшҳо арзи сипос намуда, изҳор намуданд, ки саҳнаи офаридаи шумо ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле наздикӣ дошта, дар пешбурди самти фаъолият барои ҳар як корманд таъсири мусбии худро хоҳад расонид. Дар минбаъда низ мо тасмим гирифтем, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҳар моҳ як маротиба дар намоишномаҳои театрҳои ҷумҳурӣ иштирок намоем. Ба ҳунарпешагони театри мазкур барои ин намоишномаи ҷолиб аз номи Вазири корҳои дохилӣ дастагули тару тоза тақдим карда шуд. 

Р. Илёсов  Т. Латипов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика