Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ниҳолшинонӣ ва нарм намудани бехи дарахтон дар хоҷагии ёрирасони ВКД дар деҳаи Дурбат

Имрӯз (01.04.с.2017), дар хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор аз тарафи кормандони ин ниҳод шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва 230 нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳудуди хоҷагии ёрирасон 10 гектарро ташкил дода, дар он зиёда аз 2800 намуд дарахтони мевадиҳанда аз қабили нок, шафтолу, гелос, себ ва дигар намуди дарахтон парвариш меёбанд. Ҳамзамон дар ҷӯйҳои холии байни дарахтон зироатҳои ҷав ва гандум кишт карда мешаванд. 

Иштирокчиёни шанбегии мазкур гирду атрофи дарахтонро нарм намуда, ҷӯйборҳоро аз нав тоза намуданд.
Аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулини ин хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки ҳамчунин дар қатори донагиҳо ва меваҷот киштҳои маҳсулотҳои полезӣ, аз қабили пиёз, картошка, бодиринг, помидор ва қаламфур парвариш карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳсулотҳои ин хоҷагӣ ва дигар хоҷагиҳои ёрирасони ВКД барои таъминоти қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Академияи ВКД ва Коллеҷи милитсия бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб фиристода мешаванд.
Муродов Саидҷамол, Хабарнигори фаврии ВКД.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика