Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони муҳтарам!

 

Аз 25-уми март то 24-уми апрели соли 2017 нисбати баъзе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия, ҷиҳати иҷрои созишномаҳои моҳи февралии байни президентҳои ду кишвар, авфи муҳоҷират гузаронида мешавад. Барои маълумоти муфассал ба сомонаҳои Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.mehnat.tj), Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (www.khovar.tj), Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия даромада, ҳамчунин метавонед аз гӯшаи эълонҳо ва озмунҳои сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.vkd.tj) шинос шавед.

Вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷират шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар тамос шаванд: (+992 37) 235-03-84, 235-03-85; 236-68-88; 236-22-72, 225-07-34, 225-05-87, 225-05-90.

 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика