Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили ярмарка ба муносибати Рӯзи модарон

Имрӯз (07.03.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи модар» ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.


Дар ин ярмарка маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, аз қабили гӯшту биринҷ, равғану шакар, тухму шир, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон гардонида шуд.
Маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе барои занону модарон дар арафаи ҷашнашон гардид.
Корманд-занон дар навбати худ барои ташкили чунин як ярмаркаи идона ва таваҷҷӯҳи доимӣ нисбати онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.


Қобили қайд аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пайваста ташкил карда шуда, нишон аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.

Х. Солиҳов


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика