Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар РВКД ВМКБ

Дар толори РВКД дар ВМКБ ба муносибати истиқболи Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардида, дар он ҳайати шахсии Раёсат, афсарон ва сарбозони қисми низомии 3503-и қушунҳои дохилии ВКД дар ВМКБ, бонувон-собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро бахшида ба «Рӯзи Модар» сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаи корманд-занон ва бонувон-собиқадорони милитсияро ба ин муносибат табрику таҳният намуда қайд кард, ки боло бурдани мақому мартабааи зан пайваста дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, нишони таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба кору фаъолияти занон мебошад.

Зикр гардид, ки бузургдошти модар, эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст.
Дар чорабинии идона муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода баромад намуда, таъкид дошт, ки бо эҳтирому самимияти беандоза ин рӯзи фархундаву файзбахш ва хотирмонро ба модарон ва дар симои онҳо ба тамоми занону духтарон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию хонаободӣ, зиндагии шоиставу ҳаёти хуррамона, хотирҷамъӣ ва бахту саодатро таманно менамоям.
Сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Абдумамадзода Мушк зикр кард, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани «Рӯзи Модар» ва ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намудани он гувоҳи равшани мақому манзалати баланди зан дар кишвари тоҷикон аст.
Ба муносибати «Рӯзи Модар» инчунин бо суханони табрикотӣ корманди ҷавони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур капитани милитсия Эраҷ Бекназаров баромад намуда, арз дошт, ки давлати навини тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт иҷтимоиёт, маънавияти кишвару низоми он зарур мешумоад, зеро дар баробари чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, зеби ҷаҳону чароғи хонадону бақои оила будан, пайкари ишқофарин метавонад дар побарҷойиву истиқрори сулҳ ва пойдору мустаҳкам сохтани он саҳми чашмрас дошта бошад.

Барои зоҳир намудани маҳорат ва малакаи баланди касбӣ ва ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар» бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони вилоят медалу нишонҳои сарисинагӣ, Сипосномаҳо, Раҳматномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Барои болидагии хотири корманд-занони милитсия намоиши консертӣ мазури ҳозирин гардонида шуд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика