Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳастии ман зи ҳастии модар аст!

Бо наздик шудани «Рӯзи Модар» дар тамоми мақомоту идораҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ ба ин муносибат имрӯзҳо ҳар гуна ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар чорабинии идонае, ки имрӯз - 6-уми март дар Академияи ВКД доир гардид, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти касбӣ иштирок намуданд.

Тавре сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар оғози ин маҳфили идона иброз намуд, роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ нақши занон-модаронро дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2009 таҳти №632 рӯзи 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардид.


«Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ҷойгоҳ ва мақоми зан-модар хеле воло буда, имконияти фаъолияту иштироки бонувон дар тамоми бахшу соҳаҳои кишвар фароҳам оварда шудааст. Имрӯз соҳаеро наметавон пайдо кард, ки дар он намояндагони ҷинси латиф фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Дар ин замина боиси сарфарозист, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ низ чун дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ шумораи зиёди занон-модарон содиқона пайи адои хизмати пуршараф мебошанд. Аз ҷумла, дар Академияи ВКД, ки махзани илму дониш ва макони фарҳангу маърифат мебошад, теъдоди зиёди бонувон дар тамоми самтҳои фаъолияти хизматӣ заҳмат мекашанд, ки қисме аз онҳо бо рутбаҳои низомӣ ва унвонҳои баланди илмӣ дар кори таълиму тарбияи ҷавонон нақши муҳим доранд. Ин занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Академияи ВКД бархурдор буда, дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳои миллӣ хизмати онҳо қадрдонӣ карда мешавад», - изҳор дошт Ф. Шарифзода.


Дар идомаи чорабинии идона, ҳамчунин муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия Бахтиёр Самиҳов ва курсанти курси сеюми факултети №2-и ин муассисаи касбии таълимӣ Ҷаҳонгир Қулбоев бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.
Дар қисмати ниҳоии ҷамъомади мазкур, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тамоми занон-кормандон ва ҳайати доимию тағйирёбандаи ин муассисаи таҳсилоти касбӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
У. Олим 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика