Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рашт: Чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

Имрӯз (06.03.с.2017) дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар» - 8-уми март ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат, собиқадорон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил тамоми корманд-занон, оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман занону модаронро бо фарорасии Иди Модарон табрику таҳният намуда, хушбахтию тансиҳатӣ ва бурдбориҳои зиндагиро таманно кард.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо занону модарон дар тамоми ҳаёти ҷомеа иштирок дошта, дар пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон саҳмгузоранд. Зан-модар таҷассумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ва ободии рӯзгор буда, дар ташаккулёбии инсон нақши асосӣ мебозад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор корманд-занон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии идонаро барномаи консертӣ дар иҷрои ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
Солеҳов Х. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика