Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Авто-Бону-2017» ва таасуроти иштирокчиён

Дар арафаи таҷлили ҷашни «Рӯзи модарон» ва соли Ҷавонон эълон гардидани соли 2017, бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка», имрӯз (04.03.с.2017), дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт озмуни «Авто-Бону-2017» доир карда шуд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёни озмун ва дар симои онҳо тамоми занону модаронро бо рӯзи идашон табрику таҳният намуда, ба онҳо хушбахтию тансиҳатӣ, хонаободию комёбиҳои беназирро таманно намуд.


Қайд гардид, ки баргузории озмуни «Авто-Бону-2017» барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии занону духтарони ронанда, таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва таблиғи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ равона шуда, он аллакай миёни занону духтарон маҳбубияти хос пайдо намудааст.


Озмун аз даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони Қоидаҳои ҳаракати роҳ», «Саволу ҷавоб дар самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ» ва «Маҳорати кадбону» иборат буда, иштирокчиён барои нишон додани маҳорати худ ба се гуруҳ ҷудо карда шуданд.


Қобили зикр аст, ки озмуни имсола назар ба солҳои пеш бо шукӯҳу шаҳомати хеш ва шумораи бештари иштирокчиён нисбатан фарқ мекард. Дар озмуни имрӯза наздики 50 нафар занону духтарони хоҳишманд ҷамъ омада буданд, ки сол аз сол бештар гардидани таваҷҷӯҳи занони касбу корашон гуногунро нишон медод. Ҳамчунин, навгонии дигар ин даври нав, яъне «Маҳорати кадбону» буд, ки иштирокчиён бо пешниҳод намудани таомҳои гуногун маҳорати пӯхту пази хешро нишон доданд.


Барои санҷиши натиҷаи иҷрои шартҳои озмун аз тарафи иштирокчиён ҳайати ҳакамон созмон дода шуда, онҳо шурӯъ аз намуди ороиши автомобилҳо, ки бахшида ба Иди модарон ва фасли баҳор зебу зиннат дода буданд, то донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам назариявӣ ва амалӣ баҳогузорӣ намуданд.
Рафти чорабиниро ровиёни шинохтаи ҷумҳурӣ Субҳони Ҷалил ва Наргис Касымова ба самъи ҳозирин расонида, намояндагони зиёди Васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар инъикос менамуданд.
Ҳамчунин, барои болидагии рӯҳи ҳаводорону мухлисон ва меҳмонон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик ташкил карда шуд.


Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур дар баробари иштирокчиёни озмуни «Авто-Бону-2017», барои боз ҳам ҷолиб гардонидани рафти озмун аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», алалхусус ҷавондухтарони ин гурӯҳ фаъолона ширкат намуданд. Дар ин радиф, аз ҷониби гуруҳи «Пешоҳанг» бо дастгирии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди «Рӯзи модарон» – 8-уми март байни занону духтарон «Викторина» ташкил карда шуд, ки ба хоҳишмандон дар мавзӯи зан-модар, нақш ва саҳми онҳо дар ҷомеа 20 саволӣ дода шуданд. Аз натиҷаи ҷавобҳои бештари дурусти викторина ба 10 нафар ғолиби он туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
Ҳамин тариқ, озмуни «Авто-Бону-2017» низ ҷамъбаст гардида, ғолибону иштирокчиёни фаъоли он муайян гардиданд.


Аз натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Заррина Магомедова, ки чор фарзанди хурдсолаш барои дастгирии ӯ ҳамроҳ омада буданд, ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ - сертификати бо маблағи 3000 сомонӣ гардид.
Ҷойи дуюм насиби Парвина Зайдуллоева бо сертификати 2500 сомонӣ гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар Тахмина Рабиева ба даст овард ва мутобиқан соҳиби сертификати маблағи 2000 сомонӣ шуд.
Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон ба Дилноза Шарипова ғолибият дода шуда, мукофоти пулиии 1500 сомониро ба даст овард.


Инчунин, барои ороиши автомашина ва кадбонуи беҳтарин 10 нафари иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳои алоҳида сарфароз гардонида шуданд.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои арзишноки сарпарастони чорабинии «Авто-Бону-2017» - ширкатҳои «Фароз», «IRS», “Faberlic”, «Тоҷиккристалл» ва «Тоҷиксуғурта» супорида шуданд.
Ҳамчунин ба тамоми иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома», гулдастаи ва гулҳои зебо тақдим гардиданд.


Тӯҳфаҳоро ба ғолибон сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон супорид. Зимни суханрониаш Маҳмадсаид Саидзода миннатдории хешро ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар озмун баён дошта, қайд намуд, ки тамоми саъю кӯшиши ташкилкунандагон ба он равона шуда буд, ки озмуни «Авто-Бону-2017» дар сатҳи хуб ва хотирмон доир гардида, писанди бонувон ва модарони азиз гардад. Чорабинии имрӯза бори дигар исбот намуд, ки таваҷҷӯҳи занону духтарони ронанда ба тарғибу ташвиқи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беандоза буда, онҳо метавонанд, дар якҷоягӣ бо дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, дар бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохӯши нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар саҳми худро гузоранд.
Озмуни «Авто-Бону-2017» дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиён ва ҳаводорону тамошобинони он таасуроти хуб бардоштанд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика