Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупорӣ ва гузашти низомӣ дар шаҳри Минск

Имрӯз (04.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Мизи мудаввар ва маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус, ки дар шаҳри Минск доир гардид, ширкат варзид.

Қобили қайд аст, ки дар ин чорабинии таърихӣ Вазирони корҳои дохилӣ ва меҳмонон аз 18 давлати дунё иштирок ва суханронӣ намуда, роҳбарият ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларусро бо ин санаи бузург ва хотирмон самимона табрику муборакбод карданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба ҷашни якасраи милитсияи Беларус Вазири ин кишвар генерал-лейтенанти милитсия Игор Анатолевич Шуневич ва кормандони ин ниҳоди бонуфузро шодбош гуфта, ба ӯ тӯҳфаи хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Зимни баромад дар маросими ҷоизасупорӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қайд намуд, ки мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар ҳамкории пайваста қарор дошта, дар самти мубодилаи иттилоот, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ фаъолият менамоянд.


Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенанти милитсия Игор Анатолевич Шуневич ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро медали ҷашнии - «100-солагии милитсияи Беларус»-ро тақдим намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз аввалин маротиба дар таърихи милитсияи Беларус гузашти тантанавӣ дар майдони Октябр бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Дар он зиёда аз 1200 нафар ва 46 адад автомашина, мототсиклҳо ва техникаҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Аз назди меҳмонони олиқадр ва ҳайати шахсӣ тамоми ниҳодҳо аз он ҷумла, Сарраёсати корҳои дохилӣ, Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, ДТММ (ОМОН), БДА, Департаменти иҷрои ҷазо, Департаменти муҳофиза, хонандагони литсеи махсускунонидашуда, Академияи ВКД Ҷумҳурии Бедарус ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ қадамзанон гузаштанд.
Гузашти идона дар сатҳи баланд доир гардида, ба меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика