Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус

3-юми марти соли 2017, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба 100-солагии милитсияи Ҷумҳурии Беларус, ки дар пойтахти ин кишвар шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок намуд.

Мавриди қайд аст, ки чорабинии идона бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Қасри ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он вазирони корҳои дохилӣ ва меҳмонон аз 18 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко тамоми кормандони милитсия, собиқадорон ва меҳмононро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда, зикр кард, ки «Милитсия – ин институти муҳими давлатӣ мебошад. Ҳар қадар, ки обрӯю эътибори ВКД баланд бошад, ҳамон қадар нуфузу волоияти қонун мустаҳкам ва боварии шаҳрвандони оддӣ ба адолату ҳақиқат афзун мегардад».
Дар ҷараёни чорабинии идона Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Игор Шуневич баромад намуда, қайд кард, ки «Садсолагӣ – ин давраи муҳиму таърихӣ буда, на танҳо барои Вазорати корҳои дохилии Беларус, балки барои ҳамаи мардум шаъну эътибор дорад».
Бояд тазаккур дод, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус 4-уми марти соли 1917 таъсис ёфта, дар тӯли ин муддат дар таъмини тартибот, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қоимдодов Қозидавлат Қоимдодович вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкориҳо бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика