Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи кормандони милитсия дар ободонию созандагӣ

Имрӯз (04.03.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он шанбегӣ доир гардида, тамоми ҳайати шахсии шуъбаву раёсатҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва тоза намудани гирду атрофи биноҳои маъмурию хизматӣ сафарбар гардиданд.


Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз ҳавои мусоид ба шинондани гулу буттаҳо ва нарм намудани бехи дарахтон машғули кор буданд.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати корҳои ободкорию созандагӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, чунин иқдом дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ пайваста роҳандозӣ мегардад.
Гул Маҳбуба. 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика