Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти хизматӣ дар мавзӯи «Риояи қонуният ва интизоми хизматӣ»

Имрӯз (03.03.с.2017) дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорат дар атрофи мавзӯи «Риояи қонуният ва интизоми хизматӣ» машғулияти хизматӣ доир гардид.
Машғулияти хизматиро сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон оғоз намуда, ба диққати ҳайати шахсӣ оид ба паҳлӯҳои асосии мавзӯи дарси хизматӣ - риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, муқовимат ба кирдорҳои коррупсионидошта, таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самтҳо мухтасар ибрози назар намуд.

Сипас, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб вобаста ба чорабиниҳои роҳандозишуда дар ин самт баромад намуд.
Қайд гардид, ҳар як корманди милитсия бояд бо қалби пок, меҳнати ҳалол ва софдилонаю содиқона хизмат намуда, бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа қотеъона мубориза барад ва дар пешрафти ҷомеа, ҳифзи тартибот, таъмини амният ва ободонии кишвар саҳмгузор бошад.

Дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеа низ робитаҳоро бо аҳолӣ боз ҳам мустаҳкам намуда, таъкид гардид, ки ҳар як арзу шикояти шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, барои ҳалли мушкилоти мардум саъю кӯшиш намоянд.
Дар идомаи дарси хизматӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз моҳи ноябри соли 2016, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо дар мавзӯи «Истиқлолият – неъмати бебаҳо» ва сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳисор полковники милитсия Шарифзода Ҷамшед Карим дар мавзӯи «Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ» баромад намуданд.
Х. Солиҳов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика