Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Об – манбаи ҳаёт»

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани Даҳсолаи нави байналмиллалии “Об барои рушди устувор” ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.


Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин дам чор барномаи мукаммали соҳаи обро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳафтаи равон, вобаста ба ин қатънома бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар толори асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Об – манбаи ҳаёт» баргузор гардид, ки дар он мутахассисони зерин: Саидов М. – дотсент, Сардори маркази илмӣ ва маърифати экологии назди факултети биологияи ДМТ дар мавзӯи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар истифодабарии захираҳои об», Қурбонов А. – муовини Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе дар мавзӯи «Об неъмати зиндагист», Ҷӯраев А. – профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ», Саидов С. – сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе дар мавзӯи «Маърифати экологии ҷавонон» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар аъзоёни Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» дар мавзӯи «Аҳамияти об барои ҳаёт» маърӯза намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд .
Убайдуллоев Ш., Хабирова Т., кормандони Академияи ВКД 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика