Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасод

 

Имрӯз (01.03.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дода, зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.


Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика