Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!!!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 феврали соли равон аз соати 13:00 то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шоҳтемур ва Теҳрон, Шероз то хиёбони И.Сомонӣ, Шероз – И.Сомонӣ то чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ – А.Сино муваққатан манъ карда мешавад.

Аз соати 17:30 то19:00 дар кӯчаи Шероз, хиёбони И.Сомонӣ ва кӯчаи Низомии Ганҷавӣ муваққатан ҳаракати воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Аз соати 19:30 то 20:30 аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз серроҳаи И.Сомонӣ - Рӯдакӣ то давродаври хиёбони И.Сомонӣ – А.Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

28 феврал

Аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Бинобар ҳамин, аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи танзимгарони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика