Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ – сипари боэътимод

Имрӯз (22.02.с.2017), дар РВКД минтақа ва ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 юми феврал бо иштироки кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар минтақаи мазкур, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ оғоз намуда, тамоми кормандони Дастаи таъиноти махсус, кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбиро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд.


Сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил баромад намуда, зикр кард, ки «Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро намуда, афсарону сарбозон бо дарки баланди масъулияти касбӣ барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омода мебошанд».
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сардори РВКД дар минтақаи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил як қатор кормандоне, ки дар фаьолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, бо медалу Ифтихорномахо сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳаваскорони шуьбаи фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 
Гул Маҳбуба. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика