Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД дар ВМКБ: Чорабинӣ ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори РВКД дар ВМКБ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ҷузъу томҳои он, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва толибилмони литсеи Оғохон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. 

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкур оғоз ёфт.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният намуда, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори нек ва барори кор таманно намуд.
Сардори Раёсат зимни баромад қайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардидааст, ки роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай карда, ҳоло қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намояд. Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши Миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои Истиқлолияти худро мебинанд.
Итминони комил аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам, баҳри ҳифзи давлати тозаистиқлоли демократӣ-дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, дониш, малака ва маҳорати касбии худро дареғ надошта, ҷасорату шуҷоат, далериву мардонагӣ нишон дода, фаъолияти фидокоронаву кордонии онҳо, интизоми баланди ҳарбӣ кафолати пешравӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо, сардори Шуъбаи тибии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Нозанин Исмоилзода, нозири калони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат капитани милитсия Гулбегим Маъруфова дар бораи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати пуршарафи низомиён баромад намуданд.
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як қатор кормандон, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ бо рутбаҳои навбатӣ, маблағҳои пулӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.
Толибилмони литсейи Оғохон дар васфи Ватан ва Рӯзи Артиши миллӣ бо лаҳни ширину гуворо шеърҳоро қироат намудаанд.
Собиқадорон чун шахсони ботаҷриба ва кордон ҳамеша баҳри таъмини сулҳу субот бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуда, ба насли ҷавони милитсия ёрии амалии худро ҳанӯз ҳам расонида истодаанд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва иштирок дар чорабинӣ собиқадоронро низ бо маблағи пулӣ ва толибилмонро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд. Ҳамчунин, ба ин муносибат ба тамоми ҳайати шахсӣ ва меҳмонон дастархони идона ороста шуд.
Чорабинӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ бо тантана ҷашн гирифта шуда, ба ҳозирин рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуд.
Далер Чоршанбиев, корманди Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика