Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа»

Имрӯз (17.02.с.2017), дар толори РВКД дар ВМКБ вохӯрии мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ Замирова Сайёра Аскаровна ва сармутахасиси шуъбаи мазкур Мародасейнова Валентина бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа», баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат Замирова Сайёра оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни баромад қайд кард, ки имрӯз тавассути сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин намудани онҳо баръало намоён мебошад. Мо низ дар ВМКБ кӯшиш намуда истодаем, ки аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ сафи бонувонро афзун гардонем. Зарур аст, ки дар оянда дар муасиссаҳо, низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ҷалб карда шаванд. Инчунин дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар карда шудааст, ки чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.
Аз ин хотир бо мақсади иштироки васеъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию, сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин қарору санадҳои муҳимро қабул намуд, ки онҳо дар рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ нақши созанда мебозанд.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ, корманди ҳифзи ҳуқуқ ва албатта тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Вохӯрии ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ хотирмон баргузор гардида, кормандони милитсия аз ин ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Далер Чоршанбиев, корманди Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика