Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав…

(Идомаи вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонон) Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.


Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» Саидҷамол Муродов ва Таманно Табарова шеъри «Ба ҷавонон»"-ро ифоданок ва пурмазмун қироат намуда, ду мисраи онро ҳамчун шиор ба ҷавонон пешниҳод намуданд:
Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат, олами шодӣ!
Ҳамчунин курсанти курси 5-уми Академияи ВКД Шомаҳмадов Муҳаббатшо баромад намуда, зикр кард, ки ӯ ҳамчун фарзанди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз донишҷӯи Академияи ВКД буда, пас аз хатми ин боргоҳи илму маърифат дар сафи мақомоти милитсия кору фаъолият менамояд.
Бо дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тӯи арусии ману ҳамсарам, ки ӯ низ курсанти Академияи ВКД мебошад, барпо гардида, соҳиби манзили истиқоматӣ бо тамоми шароити мусоид гаштем.
Мо аз ин кӯмаку дастгириҳо ба роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда медиҳем, ки ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат менамоем.
Айни замон, ҷавонони фаъол ва курсантони Академияи ВКД бо таклифу пешниҳодҳо баромад намуда истодаанд.
Аз ҷараёни вохӯрӣ иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика