Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фароҳам овардани шароит дар Исфара ҳамкорӣ бо ҷомеа тақвият меёбад

Дар заминаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ду ҳуҷраи хизматӣ барои кормандони милитсия ба истифода дода шуд. Утоқи кории нозири минтақавии милитсия ва Маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар бинои маъмурии ҷамоат ҷойгир буда, бо тамоми шароитҳои замонави муҷаҳҳаз мебошанд. Ин амалҳои созандагӣ дар доираи Стратегия ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 амалӣ карда шудааст. 

Дафтарҳои корӣ дар баробари таъмир бо лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи нуқтаҳои корӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал - майори милитсия Абдулло Навҷувонов, раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳайати шахсии ШВКД-2 дар шаҳри Исфара ва сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ иштирок доштанд. 

Баъди ба истифодадиҳии утоқҳои корӣ дар саҳни бинои ҷамоат суҳбати озоди дастандаркорони лоиҳа бо сокинон доир гашт. Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон аллакай 35 «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Таъсис ва ташкили чунин марказҳо ба он хотир аст, ки милитсия дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз, амнияту тартиботро дар минтақа таъмин намояд.

 

Дар заминаи устувории ҳамин алоқамандӣ ошкор ва пешгирии кирдорҳои зидидиҳуқуқӣ то андозае назаррас гардида, коҳишёбии вазъи ҷинояткорӣ натиҷаи он мебошад. Ба истифода дода шудани ҳуҷраҳои корӣ имкон медиҳад, ки ҳар шаҳрванд дар амалисозии низому тартибот ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар маҳалли зисти худ фаъолона ширкат варзад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика