Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарзу усулҳои нави корбарӣ дар доираи ислоҳоти милитсия

Дар доираи амалигардонии Сратегия ва «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд як қатор нақша-чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода шуда, роҳбарияти мақомот ба ин самт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир ва дар фаъолияти оперативӣ-хизматӣ аз усулҳои нав корбарӣ менамоянд. 

Яке аз ҳадафҳои бунёдии стратегияи давлатӣ низ ин бо роҳу усулҳои ҷадид пеш бурдани фаъолияти корӣ мебошад. Дар ҳамин радиф бо мақсади пиёда намудани муқаррароти Барномаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тасмим гирифтааст аз фаъолияти мақомот охири ҳар моҳ натиҷагирӣ намояд. Ин тасмим ба он хотир аст, ки вазъияти криминогении минтақа таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Бо ҳамин мақсад дар толори РВКД дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти милитсияи вилоят дар моҳи январи соли ҷорӣ доир ба иҷроиши дастуру супоришҳои дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироанамудаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои машваратҳои оперативии ВКД дар самтҳои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояткорӣ, амалияи маъмурӣ, роҳ надодан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баррасии фаъолияти зерхадамотҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи Раёсат, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуданд.


Дар ҷаласа нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, соли 2017-ро барои кормандони милитсияи вилояти Суғд «Соли мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» унвон кард.
Шариф Назарзода дар идомаи суханрониаш бо такя ба ибтикороти Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намудаанд, зикр намуд, ки ин ташаббуси созанда назди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаеро муайян намуд, ки пеш аз ҳама таваҷҷӯҳ ба тарбияи ҷавонон дода шавад ва унсурҳои ҷинояткорӣ байни ин қишри фаъоли ҷомеа коҳиш ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф пурзӯр намудани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зарур шуморида шуд.
Дар ҷаласа аз фаъолияти хадамотҳои оперативӣ, тафтишот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кор бо ноболиғону ҷавонон ва дигар самтҳои хизматӣ натиҷагирӣ карда шуда, масъулин ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда, бахусус ҷиноятҳои солҳои пешин, мусодираи воситаҳои нашъадор аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти милитсия маҳсуб меёбад ва бояд кор дар ин самтҳо ҷоннок карда шавад.
Зикр гардид, ки берун набаромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳое мебошанд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин рафтор худдорӣ намояд - таъкид гардид дар рафти ҷаласа.
Ҷаласаи мазкур бо додани дастур ва муайян намудани самтҳои фаъолият ҷамъбаст гардид.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика