Имрӯз (03.02.с.2017) дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони гурӯҳҳои кор бо ноболиғону ҷавонон, бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва Шуъбачаҳои милитсияи шаҳракҳо аз тамоми ноҳияҳои минтақаи мазкур машғулияти хизматӣ доир гардид.
Зимни машғулияти хизматӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил баромад намуда, доир ба иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, зимни суханронӣ номбурда дар назди ҳайати шахсӣ моҳият ва мафҳуми қонунҳои мазкурро шарҳ дода, доир ба риоя, иҷро ва ӯҳдадориҳои падару модарон, омӯзгорон ва нозирони минтақавӣ таъкид намуд.
Зикр гардид, ки дар минтақаи Рашт наздики 400 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошад, ки мутобиқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳамаи кормандони милитсияи минтақа дар самти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ бо мактаббачагону омӯзгорон вохӯриҳо ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Ҳамчунин, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил доир ба риояи қонуният, интизоми хизматӣ ва пешгирии ҳаракатҳои хусусияти коррупсионӣ дар байни кормандон ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб сухан ронда, қайд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ набуда, дар мубориза бо он тамоми аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст ва ва мо метавонем якҷоя бо ин амали зишти номатлуб мубориза барем.
Мавсуф содиқ будан ба Савганд, софдилона ва содиқона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иҷроиши сарвақтии Фармон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳайати шахсӣ қатъиян талаб намуд.
Дар хотимаи машғулияти хизматӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, кормандон аз посухҳои гирифтаи худ қаноатманд гардиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>