Имрӯз (28.01.с.2017), дар доираи сафари хизматӣ ба шаҳри Кӯлоб Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб омада, бо ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрӣ доир намуд.
Ҳамчунин мавсуф аз шароит ва рафти хизматбарии Дастаи таъиноти махсус, ҳолати омодабошӣ ва корҳои ободонию созандагӣ боздид ба амал овард.
Дар рафти вохӯрӣ ва сӯҳбати самимӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардида, барои онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Ҷавобан ба ин ҳайати шахсии ДТММ дар шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд, ки онҳо аз ин дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат ва роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ рӯҳбаланд гардида, барои таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамеша омодаанд ва дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамаи қувваю тавоноии худро равона хоҳанд кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста машқу тамрин намоянд.
Ҳамчунин дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ки дар қаламрави кишвар дар ҳар иду ҷашнвораҳо, махсусан Иди байналмилалии Наврӯз доир мегарданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Зеро варзиш ба ҳар як инсон нерӯи тавоно бахшида, баёнгари тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар хотимаи мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии ДТММ дар шаҳри Кӯлоб як қатор дастуру супоришҳо дода, қайд кард, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>