Имрӯз (31.01.с.2017), дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардорони Академияи ВКД, Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкур мустақим пахш гардида, тариқи камераҳои видеоӣ бо РВКД дар шаҳри Душанбе, РБДА, СХДО ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ВКД пайваст гардида, кормандони раёсатҳои мазкур бевосита онро тамошо намуданд.
Ҳамчунин ҷаласа тариқи пахши мустақими овозӣ бо Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт роҳандозӣ гардида, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ аз ҷониби кормандони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мазкур шунида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба амалӣ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» сухан ронда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.
Зикр гардид, ки коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад, танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд ва дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Зеро Вазорати корҳои дохилӣ низ яке аз субъектони муборизабаранда бо коррупсия мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бартараф ва пешгириву ошкор намудани чунин ҷиноятҳо дар ҳамкории зич қарор дошта, то ба имрӯз дар ҳамбастагӣ чандин ҳолатҳои коррупсиониро муайяну ошкор намуда, садди роҳи содиркунандагони ин ҷиноят гардидаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбиро ташвишовар арзёбӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тақвият бахшидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>