Имрӯз (28.01.с.2017), дар доираи сафари хизматӣ ба шаҳри Кӯлоб Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД дар шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматрасонӣ шиносоӣ пайдо намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ бо беморону табобатгирандагони ин Дармонгоҳ аёдат намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардид.
Табобатгирандагони Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД дар шаҳри Кӯлоб ба Вазири корҳои дохилӣ барои таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки табибони ин муассисаи тиббӣ ҳамеша бо муомила ва муоширати хубу ташхиси амиқ беморонро табобат менамоянд. Таъминоти доруворӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, танқисӣ ба назар намерасад.
Чунин дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки табобатгирандагон сари вақт ба табобат фаро гирифта шуда, фаъолияти хизматии хешро идома диҳанд.
Айни замон, сафари Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>