Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар ВКД

Имрӯз (23.01.с.2017), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Аз он ҷумла: генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб:
- полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума – ба вазифаи сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Қаҳҳоров Ҳабиб Абдураҳимович ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб ;
- полковник Ҷабборзода Музаффар Абдусамад ба вазифаи командири Полки моторикунонидашудаи махсуси милитсияи қисми ҳарбии 5453-и Қушунҳои дохилии ВКД таъин карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъингардидаро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия таъкид намуд.
Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки манфиатҳои давлату миллат - бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика