Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар ВКД

Имрӯз (20.01.с.2017), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва намояндагони зиёди Васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2016 оғоз гардид.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ ва инъикоси шаффофонаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21-ҳазору 756 (2015-21585) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 171 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4082 (2015-4054) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор - 93 (2015-105), роҳзанӣ-52 (2015-45), ғоратгарӣ-159 (2015-152), таҷовуз ба номус-49 (2015-41), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-112 (2015-106), авбошӣ-1106 (2015-1228), дуздӣ-5042 (2015-4747) ҳолат, инчунин дар соли 2016, 3035 (2015-3042) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва мусодираи он дар қаламрави ҷумҳурӣдар умум З тоннаву 426 кг 363 гр ташкил диҳад, аз ин 1 тоннаву 641 кг воситаҳои нашъадор аз гардиши ѓайриқонунӣаз нашаҷаллобон аз ҷониби кормандони ВКД мусодира карда шудааст.
Дар ин давра 21 ҷиноят дар самти қочоқи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо ошкор гардида, ба миқдори 18 килограмму 359 грамм сангҳои навъҳои ёқути сурх, лаъл, тилло, нуқра ва дигар маснуотҳои тиллоию заргарӣ мусодира карда шуд, ки арзиши онҳо 1 миллиону 870 ҳазору 507 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо шаҳрвандон, аз аҳолӣ аз аввал то ба имрӯз 12 ҳазору 68 адад силоҳи оташфишон, аз ин рақам 146-адад автомат, 308 таппонча 199 силоҳи шикорӣ, силоҳи рахпеч 42-адад, силоҳи суфтамил 510-адад дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Аз ҷониби ноболиғон 693 (соли 2015 - 742) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49- ҳолат камтар мебошад.
Дар ин давра 327 (2015-361) ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 159 нафарро мардон ва 168 нафарро занон, ки аз инҳо 55-нафарашон ноболиғон мебошанд, ташкил медиҳанд.


Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 1323 (2015-1475) ҳодисаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 162 (2015-165) ҳолати он садамаи марговар мебошад,. Дар натиҷа 427 (2015-449) нафар ҳалок ва 1417 (2015-1576) ҷароҳати ҷисмонӣбардоштаанд.
Дар ҷумҳурӣ 1456 (2015-1414) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 17 нафар аз ин 6-нафар ноболиғон (2015-20 нафар ноболиғ) ҳалок ва 41 (2015-24) нафар ҷароҳати сухтаи бадан бардоштанд. Маблағи зарар зиёда, аз 7 миллиону 769 ҳазору 649 сомониро ташкил дода, беш аз 224 миллиону 856 ҳазору 670 сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошт шуд.
Дастаи динамочиён дар 12 мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва 6 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд.
Айни замон, Нишасти матбуотӣ дар ВКД идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттило дода мешавад.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика