Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи ҷаласаи солона дар Вазорати корҳои дохилӣ

Тавре қаблан иттило дода будем, дар Вазорати корҳои дохилӣ таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми сипаригардидаи соли 2016 баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом муфассал баромад намуда, вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳуриро таҳлил намуд.
Мавсуф доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар ин самт бояд чораҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ дар байни ҷавонону ноболиғон тақвият бахшида шавад.
Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, камбудию норасоиҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин радиф фаъолияти кормандони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт мавриди муҳокима қарор гирифта, барои боз ҳам пурзур намудани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дастурҳои қатъӣ ироа гардид.


Зикр гардид, ки натиҷаҳои хизматии фаъолияти кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд назаррас буда, нишондодҳо дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардидаанд. Айни замон, ҷаласаи ҷамъбастӣ идома дошта, аз натиҷаи он иловатан маълумот дода мешавад.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика