Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони Академияи ВКД - ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

IMG 5402

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар аз моҳи апрели соли идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари донишҷӯёни дигар муассисаҳои олии кишвар иштирокчии фаъоли ин озмун мебошанд. Дар даври якум, дуюм (ноҳиявӣ) ва сеюми (шаҳрӣ) озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар «Кохи Суруш» маросими ҳавасмангардонии иштирокчиёни даври шаҳрии озмун баргузор гардид.
Курсанти курси чоруми гурӯҳи таълимии 403 Ҷононаи Зикруллоҳ аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм гардида бо «Диплом»»-и Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.
Маҳмадуллозода Довудхуҷа курсанти курси чоруми гурӯҳи таълимии 402 бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардида, роҳхат барои иштирок дар даври чоруми озмунро ба даст овард.
Ба курсантони ғолиб барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун, ки моҳи декабри соли 2021 баргузор мегардад, комёбиҳо таманно дорем.

Давлатшоева А.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика