Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам…

662

Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро,

Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро.
Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе,
Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.
Оре, шоир чунин мисраъҳоро аз дили саршор, аз ишқу ихлоси бепоён, аз муҳаббати зиёд, албатта аз истеъдод, кору заҳмати хастанопазир ва лаёқати баланди хеш гуфтааст. Аз ишқи меҳан гуфтааст.
Бале, ин ҳама моро, ҳамагонро ба зодбум, ба меҳан, ба ёру диёр, ба Модар-Ватан, ба оламу атроф, ба ҳар як гулу гиёҳ, ба ҳар сангу дарахти кишвар қаринтар мекунаду ошиқтар менамояд.
Ишқ мафҳуми волост. Чунин як мафҳумро агар ба таври васею воқеӣ ба инобат гирифтаю истифода намоем, пас мебинем, ки чӣ тавр он хеле фароху бекарон ва чун ин оламу ин коинот бемаҳдуд мебошад. Барои пурра фаҳмидану аз бар кардани ин вожаи барои ҳар як шахс, аслан барои ҳама хеле азизу пурифтихор солҳо лозим аст, солҳо мебояд то донем, ки Ватани аслӣ куҷосту меҳри он то чӣ андоза дар қалби мо ҷою макон дорад. Мо агар Ватан мегӯем, ба вақте калимаи меҳанро ба забон меорем оё ба назар мегирем, ки ин мафҳум чӣ тавр садо медиҳад?! Чӣ тавр он талаффуз мешавад? Он чӣ тавр аз дил берун мегардад? Агар содаю одӣ бошад, пас чӣ? Агар буррою пурра ифода гардад, пас чӣ?
Оре, ҷавобҳо ҳар гуна мешаванд, боварӣ дорем, ки иддае бо шунидани ҷавоби шахсе, ки баёни мафҳумҳои Ватану меҳан аз забону қалби онҳо ҳама вақт содаю одӣ ифода мешавад, шояд норозӣ мегарданд, чӣ тавр кас ба ин ифодаҳо, бо гуфтани ин калимаҳои барои ҳар як ватандор муқаддас бепарвоӣ мекунад. Чӣ тавр ва чаро? Охир, шояд ҷавоби дуруст онро донем, ки ифодаҳои «диёри арҷманд», «меҳани бузург», «ватани азиз», ки ҳаммаънои модари ҷонамон ҳаст, бояд ҳатман пурифтихор, ҳатман бо ғурури беандоза ва бо эҳсосоти гуворо чун фавворае аз дил берун сар кашаду ҳамагонро ба худ ҷалб кунад. Он бояд нидое бошад, бонги бедорие!
Аммо баъзе ба ном ватандоронро чун корашон ошкор гашт, ба ҳангоме, ки аъмоли баду сияҳашон маълум шуд, мебинем, ки чи манфуре, чи палиде, чи оқипадару ватанбезор будаанду аз зумраи манқуртони ин давр ва аҷаб давроне доштанду аҷаб рӯзгоре гузарониданд! Ин «зоғҳои бадмур»-у заҳрпечакони рӯзгор шояд бо талхком кардани рӯзгорони ҳазорон одам ширин ком мебардоштанд! Онҳо аз ватану ватандорӣ дур буданду дур мемонанд!
«Ватандорӣ ба гуфтор аст ё пиндор ё ҳарду?» Ба вақти ба чунин гуфтаҳо рӯ овардан, пешин назар, пеш аз ҳама, ҳамин мисраъ аз ғазали маъруфи Абулқосим Лоҳутӣ «Ё ҳар ду» меояду он пурратар вирди забон гашта, гӯё як навъ ҷавобе мешавад, ки давоми мантиқии ҳамон ғазали маъруфи Ҳофизи Шерозист, ки зикраш рафт. Аммо фосила байни ду ғазал 600-700 сол бештар аст ва ин хеле аҷиб аст, ки хислати хӯи инсонӣ гӯё дигар нашудааст.
Аз мавзӯи ватану ватандорӣ дида дар адабиёти бадеии олам абадитар мавзӯе несту дигар ҳама мавзӯҳои боарзиш, ба қавли муҳаққиқи адабиётшинос, донишманд ва дӯстам Ҳафиз Раҳмон: «аз қабили меҳри модар, сидқу сафою муҳаббат, дӯстиву шафқат, родмардиву сахо, ҳама реша дар хоки муқаддаси ватан доранд». Медонем, ки ин арзишҳо бо меҳан алоқамандӣ дошта, чунин ишқу робита «аз гаҳвора оғоз меёбад». Дар ақлу ҳуши мо меҳан хеле азиз мебошаду онро хеле муқаддас медонем. Аммо боз ҳам саволҳое зиёде пеши назар меояд, ки пас чаро иддае бо гуфтани ин мафҳумҳо ба таври шаҳдбору гуворо худ он корҳоеро мекунанд, ки ягон заррае амалу кирдораш ба суханрониаш мувофиқат намекунад.
Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг
Чӣ кунам, к-ин замин диёри ман аст!
Ин мисраҳои ҷовидониро зиндаёд Лоиқ Шералӣ – он шоири ҳақбину ҳақгӯйи миллат гуфта буд. Ҳамон замоне иншо карда буд, ки он солҳо диёру давлатамон ба қавли донишмандонамон Абдунабӣ Сатторзода: «ба гурӯҳу гурӯҳчаҳо, ба маҳалу растаҳо, ба майдонҳо ҷудо шуда буд». Ва ин гуфта на танҳо ифодаи дили як шоири миллат буд, балки он нидои садҳо тан, ҳазорон нафар, садҳо ҳазор фарзандони бонангу баори диёр буд, ки ба гуфтаю ваъдаҳо ва ҷонсупорию ҷонбозиҳои роҳбарияти он вақт ҷавони давлат сидқан бовар карда, тан ба тан шуда, ба пеш баромада, ҳама чун фарзандони Коваи оҳангар зери як парчам қарор гирифта, ба монанди Сиёвуш ҳама сар ба сар мондаю ба коми оташ худро афканда, аз алангааш баромаданд. Он оташи хонумонсӯзро хомӯш карданд.
Бале, хатару таҳдид ва талафоти ҷанги шаҳрвандии кишвар аз тамоми ҷангу набардҳои дигари асри ХХ зиёдтар, шадидтар ва бераҳмтар буду он ҳатто бе муҳобот гуфтан мумкин аз ҶБВ зиёдтар ба ҷисму рӯҳи миллат, ба тоҷикистониён шикасту рехти афзунтаре овард. Гурезагон ҳатто на танҳо ба кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Афғонистону Ӯзбекистон, Қирғизистон, балки то ба кишварҳои Аврупои Шарқию Ғарбӣ ва Амрикои Ҷанубӣ – Бразилия рафта, пайи дарёфти сарпаноҳе шуданд. Аммо онҳое, ки монданд, аммо онҳое, алайҳи ҳама гуна мушкилот истодагарӣ карданд ба рӯзи саид, ба моҳу солҳои босаодат худу миллат ва давлатро расониданд. Қаҳрамонӣ карданд...
Оре, танҳо дар мавҷудияти ишқу алоқа ба Ватан ҳама корҳои бузургро ба сомон расонидан имконпазир буда, ваҳдату иттиҳоди мардумони ин диёр мебошад, ки мо тадриҷан мушкилиҳои мавҷудаи даҳсолаҳоро ҳал карда, ба бероҳӣ, бебарқӣ, нокомӣ хотима дода, ба пеш рафта истодаем. Имрӯз ҷавоби он шахсоне, ки бо нармию оромӣ ва бе сохтакориҳо «ватан» мегӯянду меҳанро самимона дӯст медоранд, аз ҳамон ҷавоби дурӯғину сохтаи чанд амалдорону мансабдор болотару волотар ва боарзиш мебошад. Хушбахтона, шумораи одамони ватандори воқеӣ дар мо хеле-хеле зиёд мебошанд. Онҳоро ҳар сари қадам мебинем, бо онҳо ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешавем. Онҳо бо меҳру муҳаббате пайи кори худ мебошанд. Яке кӯчаҳои шаҳру манотиқи моро субҳгоҳон мерӯбаду покиза мекунад, ки ҳатто ба вақти пагоҳирӯзӣ ба кор рафтан ҳатто шояд пайхас накунем. Шояд дигаре гулпарвар ҳасту мо дар ин шаҳри озодаи гулистонӣ на танҳо ба фасли баҳор, балки ҳама моҳу ҳамарӯз онро гулзор дида, чи тавр шукуфону пурнакҳат гаштанашро набинем. Сеюми ронанда, ошпаз, сохтмончӣ, муҳандис, омӯзгор, барномасоз, табиб, шоир, нависанда, коргари одие... Онҳоро, ин лашкари мардумиро ҳамон ишқу алоқа ба Ватан муттаҳид мекунад, онҳоро ба ҳам мепайвандад.
Дигар сафсатагӯе, ҳарзагӯе, ноодаму беинсофе байни онҳо ҷой гирифта натавониста, худ барканор мегардад, радди ин маъракаи ояндасози миллат шуда, бесамар ва бепоя мемонанду як мушти хокистар шуда, бо дамидани боде нопайдо мегардад.
Ватандорон бошад кори хешро устуворона идома дода, дар ҳаракат ҳастанду ояндадор.
Ман «зиндабод» менасароям, ки ин ватан
Бо зиндабоди ман на, ба эҷод зинда аст…
Мардуми диёрамон чунин як муҳаббати бепоён, чунин як робитаи қавиеро, ҳар куҷое, ки бошанд, ҳатто берун аз меҳан, доранду онро хеле хуб пос медоранд. Маҳз ҳамин ишқ ҳаст, ки қалби мо пуроташ, пураланга ва пуршӯъла буда, ин оташу аланга ва шӯълаҳо ҳама аз ватан сарчашма гирифта, боэътиқоду қавидил ҳастем. Медонем, ки мо ватандорон зиёд ҳастему на ба сухан, балки бо амал, бо кори хеш диёрро ободтар карда, ҳалқаи онҳоеро, ки ватану мардуми кишварро манбаи даромаду салтанати худ карданӣ ҳастанд, танг карда, берун аз даври худ, берун аз давраи хеш мекунем. Бо ишқу алоқа ба ватан ба масири росту дуруст баромадаю онро боз ҳам фароху васеъ ва кушод карда, роҳи худро сафед мекунем.
САБЗААЛӢ АСОЗОДА




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика