Агар мо ба таърихи 29-солаи Истиқлолияти кишвари маҳбубамон назар афканем дар тӯли таърихи начандон дур дастовардҳои муҳими иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолиро пешорӯи худ мебинем. Агар ба саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон назар кунем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки барои барқарор ва нигоҳ доштани ин марзу бум садҳо фарзандон ҷони худро аз даст додаанд. Имрӯз мо ҷавононро зарур аст, ки корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллатро, ки барои ҳифзу озодии Ватан, нигоҳ доштани шаъну шарафи миллат ва якпорчагии он ҷонбозиҳо кардаанд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо ҷавонон бояд ба қадри ин мероси ниёгони худ-Ватан расему ҳар як зарраи хоки онро азизу муқаддас шуморем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохуриашон бо ҷавонон иброз намуда буд, ки «Ҷавонон бояд сабақаҳои истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Ин маслиҳати Пешвои миллатро бояд ҳар яки мо ҳамчун шиор дар ҳаёти худ интихоб намуда, барои боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани кишвари маҳбубамон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем.
Яъне, Пешвои миллат дар роҳи бунёди давлати соҳибтамаддун ва нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ нақши ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамояд. Дар мулоқот бо ҷавонони кишвар соли 2013 бо ҷавонон таъкид намуд, ки «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад ва ҳамин буд, ки то имрӯз баҳри худташаккулёбӣ ва рушди ҷавонон тадбирҳои зиёде татбиқ гардиданд»
Бояд кушишу ғайрати ҳар яки мо ва амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худро дар густариши давлатдории миллӣ, таҳкими субботу амният ва ифтихори ватандорӣ амалӣ кунем. Аз ин рӯ, нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ хеле калон аст.
Имрӯз таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбати ҷавонон хеле зиёд аст. Дар ин росто, бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дӯстдории худро нисбат ба ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта, пешниҳод намуд, ки соли 2016 ҳамчун соли ҷавонон дар олам таҷлил карда шавад. Воқеан ҳам, ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон бемисл аст, чунки ояндаи ҳар як кишвар ба ҷавонони донишманду мутахассисони сатҳи байналмилалӣ вобастагии сахт дорад.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар эҷоди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нахустин шуда ҷавонони шарафманди мо саҳмгузор шуда буданд. Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро ҷавонон дастгирӣ карда, дар ҷодаи Истиқлоли сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ як қатор дастовардҳои бузургро соҳиб шудаанд.
Дар тӯли бисту нуҳ соли Истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдориро ба вучуд оварда, устувор гардонид. Точикистон ба узвияти созмонҳои бонуфӯзи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, эътироф гардид.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Аз ин лиҳоз, орзуи онро, ки 29 соли Истиқлолият чун 29 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад.
Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлол аст.
Хулоса, бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвари мухмубамон таманнои онро мекунем, ки давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо корнамоиву қаҳрамониҳои роҳбари муаззами тоҷикони дунё, Асосгузори сулҳу Вахдати милли - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шухрат ёфта, мавқеи худро боз ҳам пурзӯру устувортар менамояд.
И.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо
МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Фозилова Шаҳноза.
И.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтор
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Сафарзода Хуршед.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>