Истиқлолият барои ҳар як халқу мамлакат неъмати бузург аст. Дар кишваре, ки истиқлол аст, ваҳдат ҳам ҳаст, дӯстӣ ҳам ҳаст, тарққӣ ҳам ҳаст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз ҳамин гуна кишвари соҳибистиқлол аст, ки мардумаш аз ваҳдату худшиносиву ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу оромишу дӯстӣ бархӯрдоранд. Сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносии миллӣ, истиқлолият аз вожагони муқаддас мебошанд, зеро инсон маҳз дар шароити сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ метавонад як зиндагии хубу шоистаро гузаронад, барои худ хушбахтӣ, оромӣ эҷод бинамояд. Аз ин рӯ, одамон ҳамеша тарафдори сулҳ, хамзистӣ буданд ва бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ки аз ҷангу ҷидолҳо ҷилавгирӣ намоянд, пеши роҳи низоъҳоро бигиранд, то башар аз фалокати бадбахтӣ наҷот ёбад. Ба қавли шоир:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Маълум аст, миллати мо як миллати фарҳангдӯст, созанда ва сулҳгаро мебошад. Ҳеҷ гоҳ ба кишваре лашкар накашидааст, баръакс, ғосибони бегонаро, ки ба кишвари мо ҳуҷум кардаанд, бо илму фарҳангу забону маданияти волои худ тасхир намудааст. Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Дониш, Шоҳин, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ, Бозор ва дигар бузургони миллати мо бо донишу истеъдоди худ дили ҷаҳониёнро рабурдаанд. Ҳамин фарҳанги воло, инсондӯстӣ, худшиносӣ ба миллати мо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба ҷангу ҷидолҳои шаҳрвандӣ хотима бахшад ва сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор созад. Албатта, ин кори осон набуд, аммо халқи бо донишу хирадманди мо тавонист, ки бо нерӯи ақл ба сулҳу оштии миллӣ даст ёбад ва ваҳдату якдилиро дар кишвар ҳоким бисозад. Дар ин кор хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Халқи мо тавонист, ки бо ин фарзанди фарзонаи худ кишвари азизамонро аз фоҷиаи бузург наҷот бидиҳад. Ин бузургтарин хизмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат ва кишвар буд. Иқдомҳое, ки Пешвои миллат дар ин замина карданд, натиҷаҳои хуб доданд ва сулҳу суботу ризоияти миллӣ дар кишвар барқарор гардид. Сулҳу ваҳдат имкон доданд, ки истиқлолияти кишвари мо мустаҳкам гардад. Воқеан, ваҳдат ва истиқлол тавъаманд, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Ваҳдату Истиқлолият ду боли як иқболанд. Дар кишваре ки истиқлол аст, дар он ҷо, албатта, ваҳдат аст ва баръакс. Бинобар ин ваҳдат, истиқлол, худшиносӣ аз неъматҳои бузург ба ҳисоб мераванд.
Хушо, аз бахт бархурдор гаштем,
Зи Истиқлол нусратёр гаштем,
Замоне фандамон гар дод ағёр,
Зи файзи огаҳӣ ҳушёр гаштем.
Набошад ихтилофе байни моён,
Ҳама якҷону яктан, ёр гаштем.
Зиҳӣ иқболу Истиқлоли тоҷик,
Ки хушному накӯосор гаштем.
Зи Истиқлол меболад миллат,
Дар ин айём шуҳратёр гаштем.
Маълум аст, ки сулҳу ваҳдат худшиносӣ эҷод менамояд. Худшиносӣ омили пешравии башар, тараққии як миллат мебошад. Миллатҳое, ки имрӯз пешрафта мебошанд, пеш аз ҳама, худшинос будаанд. Миллати мо низ миллати худшинос аст, ба гузаштаи худ эҳтиром мегузорад, арзишҳои миллиро азиз медорад. Имрӯз сиёсати давлати мо ба худшиносӣ асос ёфтааст. Мо гузаштаи худро меомӯзем, анъанаҳои некашро эҳё мекунем. Ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 1150-солагии Рӯдакӣ, 1129-солагии Ибни Сино, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 600-солагии Мавлоно Ҷомӣ ва ғайраҳо барои худшиносии миллати мо нақши бузург бозидаанд ва мебозанд. Зимнан, бояд гуфт, ки шоирону нависандагони мо аз сулҳу ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар тӯли таърихи зиёд ситоиш кардаанд. Рӯдакӣ дӯстиро чунин васф намудааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Абӯшакури Балхӣ фармудааст:
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.
Ҳофизи бузург гуфтааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Хуб донистани забони модарӣ, тозаву беғалат сухан гуфтан, дӯст доштани забони миллӣ яке аз нишонаҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки шоирони бузурги мо забони модариамонро ситоиш кардаанд, то онро азиз бидорем ва бидонем, ки ҳамин забон буду моро зинда нигоҳ дошт. Фирдавсӣ гуфтааст:
Басе ранҷ бурдам бар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
Хулоса, ваҳдат, тафоҳум, худшиносии миллӣ омилҳои бақои миллати мо дар замони кунунӣ мебошанд. Кишваре, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва хусусан шеъри оламгир дорад, Тоҷикистон аст. Тоҷикистоне, ки имрӯз соҳиби озодӣ ва Истиқлол аст. Тоҷикистоне, ки давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Тоҷикистоне, ки бо роҳи тараққиёт, худшиносии миллӣ қадам мемонад, қадамҳои устувору созанда. Пас, мо бояд ҳарчӣ бештар бикӯшем, ки худшинос бошем, ба қадри озодӣ, истиқлолият бирасем. Тавре, ки ҳаким Носири Хусрав мефармояд:
Шиносои вуҷуди хештан шав,
Пас, он гоҳ сарфарози анҷуман шав!
Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барномаҳои муайянкунандаи рушд барои ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд. Аз ҷумла, Паёми навбатии Сарвари муаззами давлат дар соли 2019 инъикосгари пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа буда, ҳар нуктаву дастур ва пешниҳодоти он ба беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии сокинони кишвар ва рӯзгори осоиштаи онҳо равона карда шудааст. Агар ба таҳлилҳо назар афканем, мебинем, ки зиндагии сокинони кишвар сол аз сол куллан беҳбуд ёфта, осудатару хубтар мешавад. Ин ҳолатро мо дар соҳаҳои иҷтимоӣ равшантар эҳсос мекунем. Умуман дар давоми сол, яъне аз ироаи Паём то имрӯз дар соҳаҳои мухталиф дигаргуниҳое, ба амал омада истодаанд, ки аз тинҷиву оромӣ, истиқлолият ва ваҳдати сокинони кишвар шаҳодат медиҳанд. Бигзор, хуршеди сулҳу Ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>