Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Офоқ Қодириён бо нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ гардид

910Бонуи нозанин, подполковники милитсия, сардори шуъбачаи иттилоотӣ, нашриёт ва кор бо шабакаҳои интернетии РВКД дар вилояти Хатлон Офоқи Қодириён, дар Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Офоқ Қодириён аъзои Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва шоираи ширинкалом аст.
Ба ин бонуи хирад пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорем. Қаламатон ҳамеша сабз бод!

911

Сари баланду ифтихори миллатем,
Ҳамеша ёру дар канори миллатем.
Фидоиён, фидоиёни миллатем,
Ба ҷон ҳама паи барори миллатем.

Барои амну сулҳу пойдориҳо,
Ба меҳр бо шараф ба неккориҳо,
Барои халқ ҷавшани саодатем,
Шикаста дасти сарди нобарориҳо.
Фидоиён, фидоиёни миллатем.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика