Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАЪРИХИ ИНКИШОФ ВА ТАКОМУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

214Имсол мардуми тоҷик 26-умин солгарди Парчами давлатиро дар саросари кишвар бо дастовардҳои назаррас таҷлил мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи ин муқаддасот гуфтаанд: "Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузорад ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ парчами давлати худро, ки ормони ҳар як миллати озодандеш аст, ҷовидона муқаддас медоранд".

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноии ҳамон кишвар аст. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон "Дирафши Ковиён" ном дошт ва он аз тарафи Коваи оҳангар барафрохта шуд. Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини худро ба найза овехта, онро парчами мубориза бар зидди беадолатиҳои замон номид.
Парчами ҳозираи кишвар дар асоси Низомнома "Дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 11 декабри соли 1999 аз тарафи Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст. Он аз матои росткунҷаи нафису зебои иборат аз се ранг - сурх, сафед ва сабз мебошад, ки маъноҳои мушаххасро доранд:
Ранги сурх - мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро дорад.
Ранги сафед - рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ ва ояндаи дурахшони кишварро таҷассум мекунад.
Ранги сабз - рамзи сарсабзу хуррамии Ватан, рамзи деҳқону баҳор мебошад.
Дар байни Парчами Ҷумҳури Тоҷикистон 7 ситора дарҷ гардидааст, ки онҳо рамзи тоҷдорию давлатдорӣ ва сарбаландии тоҷиконанд.
Имрӯзҳо дар зери парчам кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум ва таъмини осоиштагии мардум савганди садоқат ёд мекунанд. Ҳамзамон, зери сояи ин муқаддасот миллати куҳанбунёду фарҳангсоз тавонист ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад.

Муҳаммад КАРИМОВ,
Ҷамшеди ҶАҲОНГИРЗОД,
курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика