Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нозирони навраси тоҷик мақоми якумро соҳиб гардиданд

162

Бегоҳии рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи ғолибони озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ва наздикону пайвандони наврасон иштирок намуданд.

163164

Бояд қайд намуд, ки аз санаи 2-юм то 15-уми октябри соли ҷорӣ «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» дар озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маркази кӯдаконаи умумироссиягии шаҳри Анапаи Краснодари Федерасияи Россия ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Хушбахтона, Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ соли 6-ум аст, ки дар чунин озмунҳо сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва РБДА, дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна озмунҳо дар қаламрави кишвар пайваста доир карда шуда, миёни наврасон беҳтаринҳо барои ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ сафарбар мегарданд. Мақсад аз доир намудани ин гуна чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ миёни наврасон, пеш аз ҳама, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.
Озмуни мазкур миёни 7 давлати дунё, аз ҷумла Озарбойҷон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Россия дар ҳайати 51 даста доир гардида, «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз рӯйи 8 шарт маҳорати худро санҷиданд. Аз ҷумла, оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, риоя намудани аломатҳои роҳ, вазифаи хонагӣ - навори видеоӣ дар мавзӯи «Нозирони наврас волидонро меомӯзонанд!» таҳия ва пешниҳод гардид. Ба ин монанд, дигар шартҳои озмун низ доир гардиданд.

165

Миёни иштирокчиёни озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷойи аввал насиби дастаҳои Тоҷикистон ва Беларусия гардида, зинаи дуюмро дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон соҳиб гардиданд. Дар ҷойи сеюм бошад, дастаҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Озарбойҷон қарор гирифтанд.
Наврасони ширкатварзида бо як рӯҳияи баланд ва таассуроти нек ба Ватан баргаштанд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика