Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти амалиёти «Бачаҳо» дар шаҳри Ваҳдат

Дар асоси фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 август то 10 сентябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти “Бачаҳо” гузаронида шуд. 

Бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, ҳолатҳои аз тарафи ноболиғон вайрон намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, аз тарафи ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат нақша-чорабиниҳои алоҳида таҳия гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуданд.
Чун рафти амалиёти “Бачаҳо” дар “Рӯзи дониш” рост омад, ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар 77 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр бо хонандагону омӯзгорон вохӯриҳо доир намуданд.
Шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани садамаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ноболиғон корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро хуб ба роҳ мондааст. Дар шаҳри Ваҳдат гурӯҳи Нозирони навраси ҳаракат амал менамоянд, ки онҳо ба кормандони бозрасӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кӯмак менамоянд. Бо иштироки нозирони наврас дар назди муассисаҳои таълимие, ки дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгард ҷойгиранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди муассисаҳои ҳамшафати роҳ бошад санаи 1 сентябр навбатдорӣ аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандони ШБДА ташкил карда шуд. Ҳамчунин ба воситаи баландгӯякҳои автомашинаҳои патрулӣ дар кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат корҳои тарғиботӣ бурда шуд.
Нозири ташвиқоту тарғиботи ШБДА шаҳри Ваҳдат майори милитсия Исоев Абдухолиқ иброз намуд, ки мо мунтазам миёни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебарем. Инчунин дар рафти гузаронидани амалиёти “Бачаҳо” дар терминалҳои мусофиркашонии “Самара”, “Рамазон”, “Рӯзафзун”, дар истгоҳҳои муваққатии воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва воситаҳои нақлиёти кироякаш, дар ҷамоатҳо ва маҳали зист корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамлу нақли мусофирон ва одоби ронандагонро доир намудем.
Дар давраи гузаронидани амалиёти “Бачаҳо” аз ҷониби ҳайати шахсии ШБДА нисбати 666 нафар ронандагон протоколҳои маъмурӣ ва 169 нафар пиёдагардон ҷиҳати риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима карда шуданд.
А.Нарзиқулов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика