Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти Озмуни 8-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

121

Санаи 23-юми июни соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими пӯшидашавии Озмуни 8-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор гардид. 

Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Насимзода Акбар Ғиёс дар оғози чорабинӣ иброз намуд, ки тӯли як ҳафта иштирокчиёни озмун тавонистанд, аз рӯи шартҳои «Малакаи касбӣ», «Санитари наврас», «Танзимгари наврас», «Мухбири наврас», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Дастаи ман», «Пурдонҳо», «Чархи амонӣ», «Дарси кушод», «Донишмандони ҚҲР», «Азназаргузаронии сафороӣ» байни худ қувваозмоӣ намуда, аз худ дониш ва маҳорати баланд нишон доданд.
Сипас, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагон ва роҳбарони дастаи Нозирони навраси ҳаракати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нишон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баъди ҷамъбасти шартҳои озмун аз ҷониби ҳакамон ҷойи аввал насиби Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе, ҷойи 2-юм бошад, насиби дастаҳои литсейи №2-и ш.Душанбе, МТМУ №1-и ш.Конибодом ва ҷойи сеюм насиби дастаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат гардид.
Ба иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон нишон, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

122123

Санъаткорони шинохтаи кишвар бошанд, бо суруду таронаҳои хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.
Гузаронидани чунин озмунҳо, бешубҳа дар таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани дониши аъзоёни дастаҳо дар боби омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни ноболиғон ва беҳтар намудани машғулияти таълимӣ перомуни қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мусоидат хоҳад кард.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика