Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созандагӣ мароми мост!

168

Корҳои ободонию созандагӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, имрӯз бо дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои наву замонавӣ, лавозимоти муҳими корӣ ва дигар инфрасохтори лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Мавриди зикр аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар оммавигардонии варзиш ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим тамоми кӯшишҳро ба харҷ дода, дар баробари сохта ба истифода додани дигар иншооти муҳим, толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои хурди футболро низ сохта ба истифода медиҳад, ки бо машғул шудан ба варзиш ба обутоб ва солимии кормандони милитсия мусоидат мекунанд.

169170

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардонидани муҳити атроф, дар Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе майдончаи хурди футбол сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок намуд.
Мавсуф зимни шиносоӣ бо корҳои созандагӣ ва мулоқот бо ҳайати шахсии ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки бо таъмини шароитҳои хуби корӣ аз кормандони бозрасӣ талаб карда мешавад, ки ҷиҳати таъмини назму тартибот, пешгирии вазъи қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва дар ин замина гирифтани пеши роҳи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.

171

Ҳамзамон дар қисми дигари вохӯрии мазкур, Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд, бо нишон додани ҳаракатҳои саффороӣ, тарзи баромадан аз қатор, ҳаракати тантанавӣ, саломи ҳарбӣ ва дигар амалу ҳаракатҳои ҳарбии театрикунонидашуда, хотири ҳозиринро шод намуданд. Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ, пайваста бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, дар корҳои тарғиботӣ ҷиҳати риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳараркат дар роҳ фаъолона ширкат меварзанд.
Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳаракатҳои саффороии нозирони наврас баҳои баланд дода, барои ҳавасмандӣ онҳоро бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Шукуров Сироҷиддин




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика